дандон — [دندان] 1. узви устухонӣ дар даҳони инсон ва ҳайвонот, ки вазифаи хойида хӯрдани хӯрок ва газиданро иҷро мекунад: дандони ашк, дандони курсӣ, дандони сунъӣ, дандони тилло; дар ноомади кор шиша сандон шиканад, атола дандон (зарб.) 2. ниг. дандона; … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
варз — I [ورز] 1. асоси замони ҳозира аз варзидан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънии варзанда: кишоварз, обварз, ишқварз II [ورز] кит. кишт, зироат; тухм … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
варзида — [ورزيده] 1. сифати феълӣ ва феъли ҳоли замони гузашта аз варзидан 2. машқдида, ботаҷриба, моҳиршуда (дар коре, санъате ва ғ.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилбозӣ — [دلبازي] кит. ошиқӣ, ишқ варзидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иғмоз — I [اغماز] а. кит. тӯҳмат кардан, ғаммозӣ кардан; бадзабонӣ, бадгӯӣ II [اغما ض] а. чашмпӯшӣ кардан, худро ба нодонӣ задан, тағофул кардан; бепарвоӣ варзидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ишқ — [عشق] а. ҳиссиёти меҳру дилбастагии аз ҳад зиёд ба касе ё чизе, дӯст доштани бо эҳтирос, муҳаббати том; ишқи инсонӣ муҳаббати ҳақиқӣ; ишқи ҳайвонӣ ишқе, ки ба иқнои ҳисси шаҳвонӣ асос ёфтааст; ишқ варзидан ишқбозӣ кардан, саргарм шудан ба ишқ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ишқварзӣ — [عشق ورزي] ишқбозӣ кардан, дар ҳавову ҳаваси касе (ё чизе) будан; ишқ варзидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
иштиғол — [اشتغال] а. кит. шуғл варзидан, машғул будан; машғулӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кадд — [کد] а. кит. талош, саъю кӯшиш; кӯшиш кардан, талош варзидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
машғул — [مشغول] а. саргарми коре ё чизе, он ки бо коре банд аст; андармон, банд; машғули сӯҳбат саргарми сӯҳбат; ба кори худ машғул бо кори худ банд, саргарми кори худ; машғул будан саргарм (банд, андармон) будан бо коре: машғули кор будан, машғули ношто … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ